ПЕШВОИ МИЛЛАТ, АСОСГУЗОРИ ТАЪРИХИ НАВИН ВА ЭҲЁ КУНАНДАИ ТАЪРИХИ КУҲАНИ МИЛЛАТ!

Вахш: Андеша  

Миллати тоҷик яке аз миллатҳои куҳантарини Осиёи миёна ва ҷаҳон буда, таърихи ин миллат бисёр рангину ҷолиб мебошад,  давоми солҳои соҳибистиқлоли ки ба тамоми дунё бо ташаббусу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, миллати тоҷик онро ба ҷаҳониён муаррифи намуданд, ҷаҳониёнро ин таърихи зебову рангин дар ҳайрат мондааст.

Чуноне ки Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: Ҳукумати мамлакат дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ намудааст”.

Далели ин гуфтаҳои Пешвои миллат ҳамин соли 2023 мебошад, ки дар ин сол 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, фарҳангу таърихи бою ғании миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллал муаррифӣ намуд.

Ин аст, ки бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои муаззами миллат бо мақсади тақвият додани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ бояд таъсис ёбад. Ин иқдоми наҷиб бори дигар аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи худро қавӣ нигоҳ дошта, гузаштаи бою ғании худро метавонад ба аҳли башар сарбаландона шинос намояд.

Намунаи олии ёдгориҳои таърихӣ иншооти мероси бостонӣ ва фарҳангӣ дар мисоли маданияти шаҳрсозии Саразми бостонӣ, Ҳисор, Хуҷанд, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Ҳулбук, Панҷакент, Бунҷикат, Ҳалевард, дайри Айваҷ, қалъаи Ямчун, дайри буддоии Аҷинатеппа ва ғайраҳо ба воситаи санъати волои меъморӣ, ороиши бадеии намои онҳо бо хишт, санг ва гил дар шаклҳои гуногун, равоқ, тоқ, панҷара ва дохили онҳо бо гаҷкорию девормусаввирӣ ва кандакорӣ мероси пурарзиши ниёгон ба наслҳои имрӯза ба шумор меравад.

Ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи муҳими давлатӣ ва қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Қобил ба зикр аст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои калидии Шоҳроҳи бузурги абрешим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Маҳз бо шарофати Роҳи абрешим дар тӯли таърихи садсолаҳо тамаддуни бузурги ҷаҳонии Шарқу Ғарб бо ҳам густариш ёфтанд. Роҳи абрешим дар самти ташаккули сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии кишварҳо таъсири худро гузошт. Ба ин васила, дар шаҳру кишварҳои гуногун марказҳои тиҷоратӣ бунёд гардиданд. Хусусан дар роҳи корвонгузари Осиёи Миёна дар шаҳрҳои Марв, Самарқанд, Тирмиз, Хева, Утрор, Туркистон ва ғайраҳо на танҳо марказҳои тиҷоратӣ, инчунин марказҳои илмиву фарҳангӣ ривоҷ ёфта буданд. Бояд қайд кард, ки Роҳи абрешим ин оғози афкори бузурги дӯстиву ҳамкории байни кишварҳост.

Бояд қайд намуд, ки дар самти муаррифи ва дохил намудани мавзеъҳои таърихи ва расму оини миллати тоҷик ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО заҳматҳои шоёни Пешвои миллат бесобиқа мебошад, маҳз бо талошҳои ҳамин марди таърихофару тамаддунсоз миллати тоҷик ва таърихи куҳани ӯро имрӯз дар арсаи ҷаҳони мешиносанд ва қабул доранд, пас месазад гуфт, ки Пешвои муаззами миллат ин Асосгузори таърихи навини тоҷикон ва эҳё кунандаи таъриху тамаддуни куҳани он дар ҷаҳон мебошад. Зиҳи Пешвои таърихсозу тамаддунофари миллат!

 

Мудири Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, Р.Ҷалилов.