БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Вахш:  

Сулҳу субот, амнияти комил ва ваҳдати миллӣ, ки бо шарофати сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун туҳфаи бебаҳои таърих насиби мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон гардиданд, дар даврони истиқлоли давлатӣ барои сокинони Ватани азизамон шароити созгори рушд ва кору зиндагӣ дар фазои орому осуда ва дӯстиву ҳамзистии осоиштаро фароҳам овард.

Мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи бартараф кардани ҳамаи мушкилот ва иҷрои ҳама гуна амалҳои нек мебароянд.Тоҷикистони азизамонро сокинони боору номус боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии арзандаи ҳар фарди Ватан шароити мусоид фароҳам меоранд. Шароити якуминдараҷа барои мардум ин фазои тинҷу ором ва сулҳу субот мебошад, ки ин неъмати бебаҳо барои сокинони мамлакат арзон насиб гардида, бояд ҳар фарди боҳушу боандеша барои беҳбуди бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии оилаи худ меҳнат кунад.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 28 марти соли 2024 аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Вахш  аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур масъулини кумита бо руҳияи баланди арҷгузори ба Ватан фаъолона ширкат варзида дар нарм намудани дархотон ва тоза кардани алафҳои бегона машғул гашта, ба корҳои тозакунию тамизкори саҳми худро гузоштанд.

Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.