ТАРБИЯИ ШАҲРВАНДОН ДАР РУҲИЯИ РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ ҚОНУН  ВА  ЭҲТИРОМ  БА ОН

Вахш: Андеша  

Тибқи муқаррароти Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ин аст, ки яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои алоҳида қабул кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар баробари дигар дастовардҳои даврони истиқлолият яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки санаи 6 ноябри соли 2024 сиюмин солгарди он таҷлил мегардад. Ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Роҳбари Олии мамлакат боз ҳам дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи талаботҳои қонун ва эҳтиром ба он, тарғиби арзишҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва эҳтиром ба давлату миллат нақши муассир дорад.

Қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 202, саривақти ва хело муҳим буда, он аз 30 декабри соли 2023 №668, ба имзо расид. Мақсад аз ба тавсиб расидани фармони мазкур, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волояти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ ва ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат мекунад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати падидаи нав дар амалияи конститутсионии кишвар бешубҳа санади муайянкунандаи дурнамои ҷомеа эътироф шудааст, зеро дар он дастовардҳои дирӯзу имрӯз таҳлил гардида, имкони фароҳам овардани шароит барои дастовардҳои ояндаи кишвар муайян мегардад.

Мақсади асоси Пешвои муаззами миллат дар масъалаи эълон намудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” пеш аз ҳама баланд бардоштанияи савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар, аз байн бурдани ҷинояту ҷинояткори, татбиқи ҳадафҳои асосии кишвар дар роҳи пешрафту тараққи ва сулҳу суботи кишвари азизамон мебошад, ки аз тарафи мардуми шарифи Тоҷикистон бо як руҳияи баланди хештаншиносиву ватандӯстӣ ин пешниҳоди сарвари давлат қабул гардида, имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликияташон нақша чорабиниҳои алоҳида дар ин самт қабул гардида, дарсҳои омӯзиши, конфронсҳо ва мизҳои муддавар баргузор гардида истодааст.

 

                            Раиси

       Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии

Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш              Ватанзода С.В.