ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба диёри азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳор омад. Баҳоре, ки паёмадаш Наврӯз ва танҳо рӯзи фирӯз аст. Ҷилваи сиву дуюмин баҳори соҳибистиқлолии кишвар бо худ пайки хуррамию бедорӣ ва эҳёву тозакориҳои афзун меорад. Боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамасола фарорасии Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи дилафрӯз ҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми киштукори марди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар кишвари азизамон таҷлил мегардад.

Тибқи дастур ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафа ва рӯзҳои ид аёдат ва кӯмак расонидан ба ятимону бепарасторон, шахсони барҷомондаю яккаву танҳо, оилаҳои камбизоат, хона интернатҳо ва сарбозони Қисмҳои низомию ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар ин замина КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, низ ин иқдоми Пешвои муаззами миллатро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, таърихи 22 марти соли 2024, бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз аз вазъи шарту шароити зиндагӣ ва адои хизмати сарбозони Қисми ҳарбии 45989- Кумитаи Ҳолатҳои фавқулода ва Мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дида намуда, баҳри болидахотирии онҳо бо оростани дастархони идона ва барномаи ҳунарӣ бо иштироки ҳунармандон хотири хизматчиёни ҳарбиро шод гардониданд. Дар рафти чорабинӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ватанзода С.В., муовини раиси ноҳияи Вахш, Шарифзода М., иштирок ва суханронӣ намуда, сарбозонро ба муносибати ин санаи аҷдодии миллат табрику таҳният гуфтанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш