ШАҲОДАТНОМАИ ҲХДТ ИФТИХОРИ МАН

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Садоқати аъзои ҳизб ва ҷонибдорони сершумори он кафолат медиҳад, ки мо барои татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегии миллиамон - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар чораҳои иловагӣ андешем.

   Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон.

Масъулини Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ин гуфтаҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ро сармашқи кории ҳаррӯзаи худ намуда, оид ба ҷалби ҳарчи бештари аъзо ва ҷонибдорон ба ин ҳизби пешсаф аз тамоми роҳу васила истифода намуда истодаанд. Ҳамин корбари ва бовариву эътиқоди мардум ва заҳмату  ташаббусҳои Роҳбарияти Олии ҳизб аст, ки ҳамаруза аъзоёни нав ба сафи ҳизб мепайванданду ҷонибдори аз барномаҳои пеш аз интихобии ҳизб намуда, пайрави ба роҳбарияти онро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, иброз менамоянд, ки аъзои ҲХДТ будан ин шарафи баланди ҳар як инсони хештаншиносу ватандӯст мебошадБо мақсади сифатан зиёд намудани  сафи аъзои ҳизб дар асоси аризаҳои пешниҳод намудаашон, имрӯз ба як қатор аъзоёни нав аз ТИ “Беморхонаи Ваҳдат” дар фазои тантанави Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз тарафи муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Раҳматуллозода Д.Р., супорида шуд.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.