ВОХӮРӢ БО АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АНДОЗ”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Андоз"-и ноҳияи Вахш бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Раҳматуллозода Д., оиди шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо аъзоёни ташкилот вохӯрӣ доир гардид.

Оиди нуқтаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат шахсони дар боло зикргардида суханронӣ намуда, мафҳуми зарурияти иҷрои ҳадафҳои дар Паём дарҷгардидаро баён намуданд ва аз аъзоҳои ҳизб даъват ба амал намуданд, ки ҳамчун аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи Паёмро дар навбати худ ба аҳли ҷомеа низ расонанд. Инчунин дар фарҷоми мулоқот ба як қатор аъзоёни нав Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш