АЪЗОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БУДАН ШАРАФУ ИФТИХОРИ БАЛАНД АСТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои созандаву бунёдкор ва пешсафу сариқудрат будаи кишвар мебошад, ки танҳо ба мақсади  пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум фаъолияти хешро ба роҳ мондааст ва имрӯз бо шукургузори аз фазои сулҳу суботи кишвар ҳамарӯза сафи аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб меафзояд  ва аъзоёнаш ибрози андеша менамоянд, ки аъзои ҲХДТ будан ифтихору сарфарозист. Ҳангоми аъзо намудани нафарони нав ба ҳизб аз тарафи масъулини  кумита дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатии хеш ироа намуда буданд, ёдовар мешаванд. Дар ин асно  аъзоёни нави ҳизб  ибрози андеша намуда қайд намуданд, ки аъзои ҳизб будан ва дар сафи ин ҳизби пешгом будан ин ифтихору шарафи баланд мебошад.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумита иҷроияи  Ҳизби Халқии

 Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.