ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар даврони истиқлолияти давлать Ҷумҳурии Тоҷикистон туфайли ислоҳоти соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои беназир мушарраф гардид, ки соҳаи маориф ҳам аз ҷумлаи онҳост. Рушди маориф омили асосии баланд шудани сатҳи маърифату маънавиёти мардум ва пешравии ҷомеа мебошад.Бо ин мақсад аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизби дар ноҳия баҳри беҳтару хубтар ва шароити муфид муҳаё намудан дар муассисаҳои таълими чун пайравони содиқ ба Пешвои миллат ташаббускориҳо намуда истодаанд, ки ин навбат  аъзоёни ТИ “Якатут - 1” тариқи ҳашари дастаҷамъона ошхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро аз таъмири ҷорӣ бароварда бо лавозимотҳои зарури ва мизу курсиҳои ҷавобгӯ ба талаботи рӯз таъмин намуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.