РОҲҲО ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар тӯли солҳои истиқлолият инфрасохтори иқтисодиёти кишвар, аз  ҷумла нақлиёт яке аз заминаҳои асосӣ ва муайян кунандаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад.Дар раванди таъмиру азнавсозии роҳҳои ноҳия то ба талаботи замона ҷавобгӯ намудани онҳо саҳми аъзоёни ТИ “МДНРА” – и ноҳия хело бориз буда, ҳама рӯза аъзоёни ин ташкилот дар ин самт корҳои назаррасеро ба сомон расонида истодаанд. Ин навбат аъзоёни ташкилотҳои корҳои созандагиро дар самти таъмир роҳҳо дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ оғоз намуда роҳҳои ҷамоати мазкурро тасмим гирифтаанд, ки дар муддати кӯтоҳтарин аз таъмири ҷорӣ ва  қисман капитали бароварда бошанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.