ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА НОМУСИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чоллок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносиби хешро гузошта истодаанд. Албатта, хизмат кардан ба Ватан, ифтихори ҳар як ҷавонмарди соҳибватан мебошад. Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлолу демократӣ, тинҷиву осудагӣ дар фазояш пойдор аст, бароямон мисли падару модар азизу муқаддас мебошад. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳост. Хурсанди бахш аст, ки бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сулҳу ваҳдат тинҷиву оромӣ дар осмони софи Тоҷикистон ҳукумфармост. Бо раҳнамои ва бурдани корҳои тарғиботиву ташфиқоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ҳама сола саҳми хешро дар даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гузошта истодааст, ин навбат ба 8 нафар ҷавононе, ки бо роҳнамои кумита ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил гардида истодаанд, дар фазои тантанави Шаҳодатномаҳои Сарбози Ихтиёрӣ, Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотирави тақдим карда шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии 

Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.