ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОРОНА  БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси ТИ «Коммуналӣ» дар доираи сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ  дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Вахш аз тарафи аъзоёни ташкилоти мазкур корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад..

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо мақсади тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ дар ноҳияи Вахш тибқи нақшаи корӣ ситоди доимӣ ва гурӯҳҳои корӣ фаъолият доранд, ки саҳми онҳо дар татбиқи раванди ободонию созандагӣ, маданияти шаҳрдорӣ, тарғиби маърифати экологӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим муассир аст, дар ин раванд аз тарафи ташкилоти мазкур дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Вахш нуқтаҳои ахлотпарто ташкил ва сохта шуда истодааст..

Воқеан ҳам дар корҳои ободонӣ ва тоза кардани муҳити зист аз ҳар гуна ифлосӣ ва партовҳо солҳои охир аксарияти мардум бештар масъулият дарк намуда, ташаббускор гардидаанд. Сокинони шаҳрак пайваста ба таври дастҷамъона ба ободу тозакории маҳали зисти худ ва атроф баромада, дар тозагию ҳифзи муҳити зист ва атрофи маҳали худ саҳми муносиб мегузоранд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии

Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.