ҲАР ЯК ГУШАВУ КАНОРИ КИШВАРРО БОЗ ҲАМ ОБОДУ ЗЕБО МЕГАРДОНЕМ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар, Раиси муаззами КИ ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба дастовардҳои бузург пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихию сиёсӣ дар ноҳияи Вахш аз тарафи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии МДНРА корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо, паҳлӯи роҳҳои мошингард бо маром идома дорад.

Таърихи 12-уми марти соли 2024, аъзоёни ташкилоти мазкур бо як руҳияи баланди хештаншиносиву ватандӯстӣ сарҷамъона дар шоҳроҳи Вахш – Бохтар ба корҳои созандагиву ободонӣ машғул гардида, паҳлуҳои ин роҳро бо бетон мустаҳкам намуданд. Аз рафти корҳо дар ин самт масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия дидан намуданд, дар ин асно ба аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизби вохӯрӣ баргузор карда шуда, дар иҷрои нақшаҳои дар пеш истода ба онҳо бурдборию комёбиҳо орзу намуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш