ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АЗ ТАРАФИ АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ҲХДТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар партави иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти соҳаи маориф аз тарафи шахсони саховатманду соҳибкорони бо нангу номуси кишвар оид ба дастгирии ин соҳа корҳои назаррасе дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба анҷом расонида шудааст.

Бо ташаббус ва ибтикори аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Деҳаи Рӯзобод” дар назди  МТМУ №76, бо тариқи ҳашари дастаҷамъона сохтмони бинои алоҳида 4 синфхонаи иловагӣ бо маром идома дорад, ки аз рафти корҳо дар ин самт масъулини кумита дидан намуданд. Ба масъулин иттилло дода шуд, ки синфхонаҳои мазкур барои 130 нафар дар як баст пешбинӣ шудааст ва масъулин кӯшиш доранд, ки дар рӯзҳои наздик онро ба истифода диҳанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш