АЁДАТИ БЕМОРОН ДАР АРАФАИ “РӮЗИ МОДАР”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти дастгири қишрҳои ниёзманди ҷомеа аёдати беморону барҷомондагон дар арафаи тамоми иду ҷашнвораҳои милливу сиёсӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, дар якҷоягӣ бо раиси кумита Ватанзода С.В., ба аёдати шаҳрванди ҷамоати шаҳраки Киров, ки номбурда солиёни дароз аст, ки дар ҷойгаҳи беморӣ мебошад, рафтанд ва дар арафаи таҷлили “Рӯзи Модар” ба ӯ кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш