ЁДАТОН БА ХАЙР БОД, РОДМАРДОНИ ВАТАН

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар дар арафаи тамоми иду ҷашнвораҳои миллӣ ба оилаҳои ниёзманд ва ҷавононе, ки дар рафти адои хизматҳои давлати ҷони худро аз даст додаанд кумакҳои молиявию ғизоӣ расонида мешавад, ки ин навбат дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 22 феврали соли 2024 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз аҳволи хонаводаҳои родмардони шуҷоъ, ки дар ҳимояи марзу буми Ватан ҷони худро нисор карданд, хабар гирифта шуда, кӯмаки яквақтаина аз қабили маводҳои ғизоӣ орду равған, картошкаву пиёз ва дигар маводҳои ниёзи аввалия расонида шуд.  

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш