ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОИ ИБТИДОИИ “ФИДОКОР” АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Истиқлолият беҳтарин неъматест, ки Худованд барои миллати тоҷик ҳадя намудааст ва миллати тамаддунофару бузурги тоҷик бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу суботи амиқи кишвар пайи ободиву созандагии кишвари хеш камари ҳиммат бастаанд.

Дар ин асно ба мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти кишвар дар ҳама гӯшаву канори Ватани маҳбубамон корҳои созандагӣ бо маром идома дорад, ки ин навбат масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш аз рафти корҳои созандагӣ дар ташкилоти ибтидоии “Фидокор” дидан намуданд. Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи аъзоёни ташкилоти мазкур иттилло дода шуд, ки аъзоёни ташкилоти мазкур тариқи ҳашари дастаҷамъона пули мошингузари байни деҳаи хешро аз навсозӣ намуда, тасмим гирифтаанд, ки дар рӯзҳои наздик пули мазкурро пурра сохта ба истифода диҳанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш