БОЗДИДИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН АЗ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХӢ

Вахш: Созандагони ватан  

Ба қавли Пешвои муаззами Миллат “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифа дорем, ки ба он арҷ гузорем. Саҳифаи дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчӯ асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”. Бахусус дар шароити имрӯзаи рушди босуръати технологияи иттилоотии муосир, ки воридшавии фарҳангу анъанаҳои бегонаро ба маданияти милли зиёд намудааст, ба омӯхтани таърих зарурати бештар ба вуҷуд омадааст. Донистани таърих, урфу одат ва расму русум яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи насли наврас ва ҳар як фарди ватандӯст мебошад.

Бо ин мақсад дар асоси нақша чорабиниҳои ТИ “Маорифчиён”  сархати сайёҳи ташкил карда аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба мавзеъҳои таърихии шаҳри Бохтар сафар намуда, аз маконҳои таърихӣ ва осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” дидан намуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.