ВОХӮРИ БО АЪЗОЁНИИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Вахш: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” масъулин  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш вохӯрии навбатии хешро дар ҳошияи паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар МТМУ №1 бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир намуданд.

Дар рафти вохӯри масъулин оид ба шарҳу муҳтавои пайми Пешвои миллат дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани илмҳои муосиру замонавӣ, дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, хизматҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, арҷгузори ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ суҳбат доир намуда, дар ин раванд аз вазъи таълиму тарбияи хонандагон шинос гардиданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.