ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН САҲМГУЗОРИ МЕНАМОЕМ

Вахш:  

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, инчунин эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” таърихи 21.02 соли 2024 бо мусоидати масъулини хадамоти шиносномавию бакайдгирии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш ва нақша чорабиниҳои ТИ “Маорифчиён” дар муассисаи таълимии №56-и ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳия чорабинии шиносномасупорӣ ба хонандагон ташкил ва дар фазои сулҳу суботи кишвар  ботантана ба  хонандаи синфҳои болоӣ бори аввал ҳуҷчати асосии тасдиқкунандаи шахсият супорида шуд.  

         Пеш аз супоридани шиноснома ба хонандагон сардори Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии шуъбаи  ВКД дар ноҳияи Вахш маълумоти заруриро оиди қоидаҳои шиносномадорӣ ба хонандагон фаҳмонид.

         Чунин чорабиниҳо ҳарчанд масъулияти иловагии кормандони хадамоти шиносномавию бакайдгири бошад ҳам, тақвият додани он имкон фароҳам меорад, ки наврасон оиди низоми шиносномавию бақайдгирӣ маълумоти лозима гирифта маърифати ҳуқуқиашон баланд бардошта шавад. Мақсади асосии баргузории чорабини мазкур баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонону наврасон буда дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак оид ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мебошад.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.