НАҚШИ ПЕШВОИ  МИЛЛАТ ДАР ТАЪСИС ВА ТАШАККУЛИ  ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР БЕҲАМТОСТ

Вахш: Андеша  

 

Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ кардаанд. Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабии ҳарзапараст муқобилият нишондода аз тамоми хатару таҳдидҳои дохиливу беруна онро ҳифз намудаанд ва барои мардуми шарифи тоҷик ҳифзи марзу бум якпорчагии кишвар масъхалаҳои асоси ва калидӣ дар тули таърих ба шумор меравад ва имрӯз низ мо барои ҳифзу нигаҳбонӣ намудани ин сарзамини аҷдоди омодаем то ҷони худро барои ҳифзаш сипар намоем.

Баъд аз пошхурдани Иттиҳоди давлатҳои Шуравӣ дар баробари дигар давлатҳои бародар Тоҷикистони азиз низ худро соҳибихтиёр ва мустақил эълон намуд, ки ин озодиву ободии кишвари азизамон ба хоинону бадхоҳони миллат писанд наомада онҳо кушиш намуданд, то миёни ин мардуми шариф фитна барпо намуда қасди аз байн бурдан ва пароканда намудани ин сарзамини ободу зебо ва миллати таърихиро намуда, дар ин сарзамин вазъи ноороми ҳарбиву сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилиро ба вуҷуд оварданд, ки бо ин амалҳои нопокашон ҷони ҳазорҳо ҷавонмардони шуҷоъи Ватанро аз байн бурда, тамоми сохторҳои калидии кишварро фалаҷ гардониданд.

Хушбахтона ақли солим ба ҷунбиш омада, ба майдони сиёсат нафареро ворид намуд, ки дар назди ин шахсияти нотакрори таърихи барқарорсози ва сарҷамъии миллат гузошта шуд, ки дар он шабу рӯзи мудҳиш ягон нафар намехост то зимоми давлатдориро ба даст хеш гирад, амммо ин  фарзона фарзанди миллат тамоми душвориҳоро ба души хеш гирифта тавонист дар муҳлати кӯтоҳтарини таърихи миллатро дар бари худ ҷамъ намуда ҷангро ба сулҳ ва вайрониро ба ободи табдил диҳад.

Ҳангоме, ки Пешвои муаззами миллат зимоми давлатдориро ба дасти хеш гирифт тамоми шохаҳоҳои давлатдори пурра фалаҷ гардида буд ва ягон инфрасохтори зарури мавҷуд набуд, Ӯ тавонист, ки бо иродаи қавӣ дар Тоҷикистони азиз бо фарзандони ба нангу номуси кишвар ба корҳои ободиву созандагӣ камар бандаду Тоҷикистони ҷангзадаро ба як кишвари ободу зебо ва пешрафта дар тамоми дунё муаррифи намуда бошад.

Дар замоне, ки амният барқарору гардиду барои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар фарзандони ба нанг камар бастанд ягон заминаи моддиву техникӣ ҳатто сарбозону афсарони таҷрибадор вуҷуд надошт бо иродаи қавию матонат ин абармарди давру замон тавонист, ки аз ҳисоби фарзандони ба нангу номуси миллат донишҷӯёнро дар дохилу хориҷи кишвар омӯзонида кадрҳои баландихтисоси соҳавиро тарбият намоянд, ки айни замон  дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизамон мутахассисони варзидаи ҷаҳонӣ аз ҳисоби шермардони ин Ватан фаъолият менамоянду марзу бум, якпорчаги ва сулҳу суботи кишвари азизамонро ба тамоми ҳастияшон таъмин намуда бар зидди таммои таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ муборизаи беамон бурда амнияти давлату миллатро пурра таъмин намуда истодаанд.

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории он халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳиб­ихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгон хизматҳои барҷаста кардааст.

Доир ба корнамоӣ ва матонату қаҳрамонии ин фарзанди фарзонаи миллат бо забонҳои гуногун асарҳои алоҳидаи илмиву оммавӣ ва ёддоштиву адабӣ, инчунин, мақолаи зиёд дар воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ чоп шудаанд, ки аксари онҳо фаъолияти серпаҳлу ва ҷанбаҳои алоҳидаи корномаи ӯро бо диди нав дар бар гирифтаанд. Вале нафаре, ки сарнавишти миллати тоҷикро медонад, дар паҳлуи ин шахсияти худодод фаъолият мекунад, заҳмати шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, яке аз хизматҳои шоёни ин фарзона фарзанди миллати тоҷик барқарории сулҳу суботи комил дар Ватан ва ташкилу эҳёи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизамон мебошад, ки беягон мубоҳиса ин шахсияти бузург асосгузори Артиши миллии кишвари азизамон мебошанд.

Ӯ шахсест, ки таҳти роҳбарияш назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқолият буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, Р.Ҷалилов.