ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛИ МЕГАРДАНД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муҳити зист барои солим нигоҳ доштани одам ва фаъолиятнокии ӯ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки хона, ҳавлӣ ва атрофи он ба талаботи муайяни санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй бошанд.               

Қобили қайд аст, ки вақти таъмири хона, вобаста ба шароит, на танҳо ҷойҳои вайронро таъмир кардан зарур меояд, балки камбудиҳоеро, ки пештар буданд, мутобиқи имкон бартараф кард. Дар ҳолате ки гирду атрофи хона тозаю мусаффо бошад, дохили хона ҳам тоза мемонад.

Дар ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сангфаршкунии маҳалли зист саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Воқеан  дар ин рӯзҳо, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои  созандагиву ободонӣ авҷ доранд, дар ин асно аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бахшида ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ корҳоро пурзур намудаанду ба корҳои созандагиву ободонӣ машғул мебошанд.

Таърихи 14.02 соли 2024 аз тарафи аъзоёни фаъоли ТИ “МНДРА” бо як руҳияи баланди хештаншиносию ватандӯстӣ дар ҷамоати деҳоти Рӯдаки корҳои сангфаршкунии 1,5 км роҳ  баргузор карда шуд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.