ТАҚДИМИ КИТОБҲО АЗ ТАРАФИ МАСЪУЛИНИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ БА АЪЗОЁН ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз соли 2012 инҷониб рӯзи байналмилалии тақдими китоб ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Ин идеяест, ки муҳаббатро барои мутолиа намудани китоб бедор мекунад. Он инсонҳоеро сарҷамъ мегардонад, ки китоб тақдим мекунанд, махсусан, ба кӯдакон ва ё нафароне, ки бо ин ё он сабаб ба китоб дастрасӣ надоранд. Ин ҷашн аз тарафи Эмми Бродмури амрикоӣ бо хоҳиши фарзандаш, ки мехост барои одамоне, ки битавонанд ба ҳамдигар китоб тақдим кунанд, рӯзи махсусе вуҷуд дошта бошад, пешниҳод гардида, аз ҷониби умум пазируфта шуда буд.

Бахшида ба ин рӯз аз тарафи кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, ба ҳамдигар ва инчунин ба як қатор аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ китобҳои тозанашри шоирону адибони тоҷик ба мақсади ҷалби ҳарчи бештари аҳоли ба китобхониву китобдӯстӣ тақдим карда шуд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.