ИҶРОИШИ САРИВАҚТИИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ РОҲБАРИЯТИ ОЛИИ КИШВАР ДАР ТИ “МАОРИФЧИЁН”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои саривақти ва сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар 28.12 соли 2023 оид ба сатҳу сифати таълиму тарбия ва омӯзиши забонҳои хориҷи дар тамоми зинаҳои таҳсил ироа намуда буданд, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар асоси нақша чорабиниҳои ба тавсиб расонида аз муасисиаи томактабии №3-и ноҳия дидан намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ба боғчаи мазкур аз тарафи ТИ “Маорифчиён” ба мақсади дар сатҳи зарури ва сифатнок баргузор намудани машғулиятҳои толибилмон мизу курсиҳо, ҷевонҳо ва маводҳои зарури дастрас карда шуд.

Инчунин дар рафти вохӯри дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба омӯзиши забонҳои хориҷи дар тамоми зинаҳои таҳсил ба масъулини боғча расонида шуда, инчунин масъулини кумита дар рафти машғулиятҳои толибилмон иштирок намуда қайд намуданд, ки дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишварро сифатан ва ҳарчи зудтар ба роҳ монда дар самти забономӯзии толибилмон корҳоро пурзур намоянд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.