МУБОРИЗА БУРДАН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК СОКИНИ КИШВАР АСТ

Вахш: Вокуниш  

Чи тавре ки имрӯзҳо ҳар як сокини сайёра огоҳӣ дорад, дар аксар кишварҳое, ки озодиву ваҳдат, сулҳу субот чандон мавқеи устувор надоранд, падидаҳои номатлуби хушунат, ифротгароӣ, экстремизму терроризм вусъат ёфта истодааст. Дар натиҷаи омӯзишу таҳлилҳо мутахассисон ибрози назар намуданд, ки сабаби зиёд шудани гурӯҳҳои террористӣ дар давлатҳо аз даст додани ҳувияти миллӣ дар байни сокинонашон мебошад, чунки аксарияти сокинон барои амалӣ намудани амалҳои террористӣ бо ин гуна ашхос ҳамроҳӣ намуда, боиси аз байн бурдани тинҷую оромӣ дар ҳар гушаи олам мегарданд.

Албатта, ин омил ба он шахсон ва кишварҳое, ки пинҳонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ пуштибонӣ мекунанд, манфиати сиёсиву иқтисодӣ меорад ва ин давлатҳо бо ин амали зишт мехоҳанд мавқеи геополитикии худро устувор намоянд, аммо ин ғайриимкон аст. Мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик шаҳди талхии амалҳои иғвоангезонаи бадхоҳони миллатро дар оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз чашидаанд ва бо дасисаҳои бадхоҳони миллат, ки ҳамаашон аъзои ТТЭ ҲНИ буданд, дар кишвари мо оташи низоъ барангехта шуд. Дар як давраи муайян садҳо ҳазор нафар сокинони меҳан ба қатл расиданд. Хатари аз байн рафтани Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар лаҳза кишварро таҳдид мекард ва бештари мардум бовар надоштанд, ки дар Тоҷикистон солҳои наздик оташи ҷангу низоъ хомӯш мешавад.

Давлату миллат ба дастгирии сарваре чун Эмомалӣ Раҳмон ниёз дошт ва ин ниёзи мардуми Тоҷикистон ҷомаи амал пушид. Хушбахтона тақдир бар сари миллати тоҷик осмони беғуборро дар зери сояи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Пешвои маҳбубу муаззами халқи бузургсолор Эмомалӣ Раҳмон диданд ва умед ба фардои дурахшон ва зиндагии осоиштаро дар қалбашон бедор намуданд. Вақте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, бо заҳмату талоши содиқона, он ҳама нооромиро тинҷ сохт, мардумро сарҷамъ кард, сулҳро пойдор намуд, адолатро ҷо намуд ва мамлакати харобаро ба як давлати пешрафтаю биҳиштосо табдил дод.

Халқи тоҷик новобаста аз иғвобарангезиҳои гурӯҳҳои зархарид ба хубӣ дарк менамоянд, ки маҳалгароӣ ва таъсири манфии он дар ҷомеа мардумро ба куҷо мебарад. Бо як боварии комил метавон гуфт, ки ҳамакнун мардум дигар бесаводу бефарҳанг нестанд ва ҳамаи равишҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба хубӣ мушоҳида мекунанд ва ҳамаи он ҳаводису рӯйдодҳои кишварҳои ҷангзадаро низ ба хубӣ таҳлил менамоянд. Ҳатто боиси хушнудӣ аст, ки халқи шарафманди тоҷик огаҳанд, ки наҳзатиҳои дурӯя худро гоҳ исломӣ ва гоҳ тарафдори низоми демократӣ метарошанд ва бо ин найрангҳояшон мехоҳанд, ки сафи ҳаммаслаконашонро зиёд намоянду амалҳои экстремистию террористиро ҳарчи бештар амалӣ намоянд.

Моро лозим меояд, ки барои комилан аз байн бурдани терроризм танҳо зиракии сиёсии сокинон, бахусус ҷавонон баланд бардорему барои решакан намудани терроризм ва ифротгароӣ бояд муҳаббати ватанпарастиро дар дили насли наврас ҷо созем.

Сайдалиев А., мудири шуъбаи молияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш