БОЗГАШТИ САРБОЗ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чоллок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносиби хешро гузошта истодаанд. Албатта, хизмат кардан ба Ватан, ифтихори ҳар як ҷавонмарди соҳибватан мебошад. Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлолу демократӣ, тинҷиву осудагӣ дар фазояш пойдор аст, бароямон мисли падару модар азизу муқаддас мебошад. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳост. Хурсандибахш аст, ки бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сулҳу ваҳдат тинҷиву оромӣ дар осмони софи Тоҷикистон ҳукумфармост.

Дар ин замина қобили қайд аст, ки ҷавонони боору номуси Ватандӯст хизмати Модар - Ватанро дар Артиши миллӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар сарбаландона адо намуда, сиҳату саломат ба зодгоҳи худ бармегарданд.

Яке аз чунин ҷавонони ватандӯст Тоиров Маҳмадшариф сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш мебошад, ки хизмати Модар - Ватанро дар сафи Артиши миллӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд сарбаландона адо намуда бо рутбаи Сержанти калон ба назди волидайн баргашт.

Бояд қайд намуд, ки мавсуф ду сол қабл дар асоси ташаббуси ҳизбӣ аз рӯи барномаи “Сарбози ихтиёрӣ” ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида буд. Вобаста ба сарбаландона адо намудани хизмати ҳарбӣ Тоиров М. бо модараш ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш даъват карда шуда, бо сипосномаи КИ ҲХДТ, туҳфаҳои хотиравӣ ва маводи озуқаворӣ аз қабили орд, равған аз номи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ карда шуд.

Дар навбати худ Тоиров М. аз адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарту шароит дар қисми низомӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, тасмим гирифтааст, ки хизмати Модар - Ватанро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар миёни ҷавонони сини ба хизмат расида, тарғибу ташвиқ намояд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш