МАОРИФ СОҲАИ КАЛИДИИ СИЁСАТИ КИШВАР

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалигардонии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳоро пурзур намуда, ҳама рӯза ба корҳои ободонию созандагӣ машғул мебошанд.

Маориф яке аз соҳаҳои калидии сиёсати имрӯзаи кишвар ба шумор меравад ва дар ин самт дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия аз рафти корҳои сохтумонии синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №22 дидан намудан ва аз тарафи аъзоёни ташкилот маълумот дода шуд, ки тасмим гирифтаанд дар арафаи ҷашнвораҳои умумимиллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ бинои иловагиро ба истифода диҳанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш