Имрӯз рисолати асосии мову шумо ҷавонон ҳифзи марзу буми кишвар, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳамеша ҳушёру солим бошанд ва тавонанд, ки бо ҳамон маърифати баланди сиёсии хеш давлату миллати худро ҳифз ва ҳимоя намоянд. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти даҳшатангез – терроризму ифротгароии динию мазҳабӣ дучор омадааст. Дар чунин айёми пуртазод дар сурати доман паҳн кардани терроризм ҳифзу нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату осудагии мамлакат аз ҳар як ҷавони бо нангу ори кишвар масулияти бештар тақозо менамояд.
Боиси ташвиш аст, ки имрӯзҳо гароиши ҷавонон ва наврасон ба гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ, ҷараёнҳои террористӣ ва амалҳои номатлуби ба ҷомеа зарарнок бисёртар ба назар мерасад ва ин моро водор менамояд, ки дар ин раванд дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон тадбирҳои судманд андешида онҳоро дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан ҳидоят намоем. Бояд қайд кард, ки маҳз аз бедонишию ҷаҳолат ва ноогоҳию камсаводии ҷавонон истифода, намуда, аъзоёни гурӯҳҳои ифротӣ шаҳрвандони кишварҳои мусалмонро ба вартаи пуртаҳалука равона месозанд, ки аз он ҷо раҳо ёфтан кори саҳлу осон нест. Ҳаёти ҷавонӣ, овони ба камолрасӣ ва айёми ҷаҳду талошҳои ояндаи хешро ҷавонони ноогоҳи мо зери фишору зулми бадхоҳони миллат сипарӣ менамоянд.
Ҳатто дар бисёр ҳолатҳо огоҳӣ пайдо менамоем, ки занҳо низ ба ҷараёнҳои ифротгаро пайваста, на танҳо ҷони худ, балки ҷони ҳамқавмон, хешу табор, аҳли ҷомеаро ба хатар меандозанд, номи хонаводаву миллати хешро доғдор мегардонанд. Ҳастии миллат, бунёди давлат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз домони поки модарон сарчашма мегирад ва модаронро мебояд, ки ҷаҳду талошҳои худро баҳри ояндаи дурахшони ин миллати куҳанбунёд равона созанд, кӯшиш намоянд, ки дар домони сабзу хуррами Ватан боғпарвари асил бошанд на ин ки доғ бар ватану миллати хеш оранд.
Ҳамчун як фарди ҷавони ҷомеаи имрӯза ба тамоми ҷавонон муроҷиат карда, гуфтаниям, ки халқу миллат ва сарзамини хешро аз сидқи дил дӯст доранд, зеро дӯстдории Ватан аз гӯшаи имондорист ва ҳар фарде Ватан-Модарро дӯст дорад, тамоми арзишҳои диниву миллиашро низ дӯст дошта ҳимоя менамояд.
Ватанзода У., мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш