Имрӯз вақте сухан дар бораи истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ меравад беихтиёр манзараҳои он рӯзҳои даҳшатбор, манзилҳои сӯхтаю валангор, заминҳои бе обу бе кишт монда, мардуми сарсону саргардон ва чеҳраҳои маҳзуну ноумед пеши назар намоён мегарданд. Албатта, 32 сол дар назди таърих як лаҳза аст, вале барои мо тоҷикистониён ин солҳо қиммати чандин асрро доранд. Зеро ин солҳо барои ин ҳалқи кӯҳанбунёд давраи муборизаву талошҳо, ҷустуҷуву бозёфтҳо санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ дар назди таърих ва аҳли башар буданд. Ва шукрона мекунем, ки аз ин имтиҳони ҷиддӣ бо сарварии Роҳбари давлатамон сарбаландона баромадем.
Истиқлол калимаест, ки имрӯзҳо вирди забони пиру ҷавони Тоҷикистони азиз зикр мегардад. Мафҳумҳои Истиқлолият мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар буда, дар умум ҳадяи Яздони пок мебошад. Хушбахтона, имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистони биҳиштосо аз он меболанд, ки ин ҳадяи Яздонӣ насибашон гардидааст. Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолият, давлати ҷавони мо тавонист худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намояд.
Самараи неки Истиқлолият аст, ки Тоҷикистон бо як суръати кайҳонӣ рушд карда истодааст. Ободию бунёдкорӣ, созандагию пешрафти тамоми самтҳоро метавон баръало мушоҳида кард. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари азизамон созандагию буёдкорӣ бо маром идома дорад, ки ин самараи неки Истиқлолият мебошад. Маҳз самараи неки истиқлолият аст, ки мо ҷавонон озодона таҳсили илм намуда, соҳиби касбу ҳунар мегардем.
Айни ҳол кишвари соҳибихтиёри тозабунёди моро беш аз 150 мамлакати муттарақии дунё эътироф намуда, ба расмият мешиносанд. Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои кишварҳои дигари дунё дар назди бинои Созмони Миллали Муттаҳид парафшонӣ мекунад. Воқеан Истиқлолият барои ҳар халқу миллат сарвати ниҳоят арзишманд буда, ҳастиву бақои миллату давлат, дастоварди бузургтарини миллати тоҷик ва озодиву сарфарозии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Сафаров Ф., мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш