Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву ватансозӣ ва ватандӯсту меҳандӯст ба камол расонидани насли наврасу ҷавон, дар доираи нақша-чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бо аъзоёни ТҶҶ "Созандагон Ватан" вохӯрию мулоқотҳо пайваста гузаронида шуда истодааст.
Дар доираи нақшаи мазкур мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, Сафаров Ф., санаи 19-уми сентябри соли равон дар муассиса-интернати ноҳия бо аъзоёни намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрӣ баргузор намуданд. Сафаров Ф. зимни суханронии хеш зикр дошт, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву ватансозӣ ва ватандӯстию меҳандӯстӣ, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба воя расонидани насли наврасу ҷавон, падару модар, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа ҳаматарафа бояд кӯшиш намоянд. Инчунин дигар баромадкунандагон низ оид ба мавзуъҳои гуногун андешаронӣ намуданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш