Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби давр ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Имрӯзҳо бо шарофати ваҳдату якдилии миллати тоҷик дар ҷомеа пешравиҳои назаррас дида мешавад. Аммо як нуқтаро бояд дарк кард, ки солҳои 90-ум дар кишвари мо низ як зумра бадхохон, бо мақсади ба даст овардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни халқ дасисабозиҳои зиёдро ба анҷом расониданд. Бояд қайд кард, ки амалҳои дар ҳамон солҳо анҷом дода шуда, бевосита ба ифротгароии динӣ рабт доранд. Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.
Мо ҷавонони худогоҳ хоҳони хору залил шудани шумо сагони дайду ва хоинони миллат ҳастем. Бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопокатон намерасед. Бадхоҳии шуморо имрӯз мардум хуб медонанд ва огоҳанд. Бо боварии комил метавон иброз дошт, ки халқи заҳматкашу сарбаланди ин сарзамини бостонӣ ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ин нохалафон ба мақсадҳои разилонаи худ бирасанд. Барои мустаҳкам нигоҳ доштани сулҳу субот ва арзишҳои миллии худ аз тамоми сокинон даъват ба амал меорем, ки зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Бо нигоҳдошти оромию осудагӣ ва хушбахтии насли оянда ва имрӯз Ватанро боз хам зебову мунаққаш бояд кард.
Сафаров Ф., мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш