КӮДАКОН - ОЯНДАИ ОБОДУ ОСУДАИ МИЛЛАТ

Вахш:  

Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Кӯдакон ояндаи ҷомеа буда, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солими ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Боиси қайд аст, ки имрӯзҳо аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Дом-пионер”, яъне Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия барои ба корҳои иловагӣ ҷалб намудани кӯдакону наврасон тамоми шароитҳоро дар марказ муҳайё намудаанд. Дар маркази мазкур зиёда аз 20 маҳфилҳо барои баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва худогоҳии насли ояндасозӣ кишвар таъсис дода шудааст, ки пайваста фаъолият дорад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш