КОРҲОИ ОБОДОНӢ БОВУСЪАТ ИДОМА ДОРАД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Ҷамоати шаҳраки Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла таъмир намудани роҳҳои мошингарди ҷамоати шаҳрак камари ҳиммат бастанд.

Бо ин маром ташкилоти ибтидоии МНДРА-и ноҳия бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, роҳҳои мошингардро таъмир  карда истодаанд. Мавриди  зикр  аст,  ки чунин корҳои ободонӣ дар ин мавзеҳо, аз тарафи аъзоёни ҳизб гузаронида мешавад.

Воқеан дар ин рӯзҳо, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои созандагиву ободонӣ авҷ доранд, сокинони меҳнаткаши ноҳияи Вахш бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.