ТАШАББУСҲОИ  ҲИЗБӢ  АМАЛӢ  МЕГАРДАНД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  Ҷамоати шаҳраки  Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома доранд. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ  ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла таъмир намудани роҳҳои мошингарди шаҳрак камари ҳиммат банданд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷамъона  баромада,  роҳи мошингардро  таъмир  карда истодаанд.

Мавриди  зикр  аст,  ки чунин корҳои ободонӣ дар ин мавзеҳо аз тарафи аъзоёни ҳизб гузаронида мешаванд.

Воқеан,  дар ин рӯзҳо, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои  созандагиву ободонӣ авҷ доранд, сокинони меҳнаткаши ноҳияи Вахш бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш