ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИИ ЗАМИН АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба самаранок истифода кардани заминҳои бекорхобидаи наздиҳавлигӣ ва хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш суҳбату вохӯрӣ  миёни сокинон доир шуда истодааст.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо иштироки масулини КИ ҲХДТ дар ноҳия Вахш доир гардид. Зимни боздид, аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон ба мушоҳида расид, ки заминҳо аз ҷониби сокинони меҳнатдӯсти ҷамоати мазкур самаранок ва оқилона истифода шудаанд ва сокинон аз меҳнати софу ҳалоли худ маводи кофии ғизоиро низ барои фасли сармо захира намудаанд.