Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Вахш!

Вахш:  

 

Вахш: Санаи 1-уми июни соли равон дар боғи маркзии ноҳияи Вахш чорабинии идона бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш-Салимова С,муовини раиси ноҳия-Мамадализода Г ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Нахуст бо сухани табрикотӣ муовини раиси ноҳияи Вахш- Мамадализода Г баромад намуда, хонандагонро ба ин рӯзи фархунда табрику шодбош намуд.

Сипас, Салимова С доир ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» ба сухан баромада, кӯлли толибилмони муассисаро ба ин рӯз табрику таҳният намуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.