ҶАВОНОН –ОЯНДАСОЗОНИ МИЛЛАТ!

Вахш: Созандагони ватан  

 

Вахш: ТҶҶ “Созандагони Ватан”: Тибқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, РаисиТҶҶ “Созандагони Ватан” – КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сафаров Фирдавс бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ№20-и Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод” –вохӯрӣ бо ҷавонони замони соҳибистиқлол оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи  таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш-Худойбердиева Ҳалима ва масъулини Кумита  иштирок намуданд. Сараввал Худойбердиева Ҳалима доир ба мавзӯҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи  фарзанд,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ҳарбии ватандӯстии шаҳрвандон”,  баланд бардоштани  савияи дониши хонандагон дар рӯҳияи Ватаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани мақому манзалати занон, пешгирии  таълимоти дини ғайрирасмӣ, пешгирии худсӯзию худкушӣ дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми  навбатии хеш ироа намудан ва омода намудани даъвати ҷавонон ба хизмати  ҳарбӣ суханронӣ намуданд. 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш