Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассиса-интернат!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Вахш: Санаи  1-уми июни соли равон  бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон”, аз тарафи мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғуфурзода Рухсороа ва бо дастгирии раиси Ташкилоти Ҷамъиятии “Бонувони Хатлон” Мақсудхоҷаева Гулбаҳор-аъзои фаъоли ҲХДТ ба  Муассиса–интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи  Вахш тӯҳфаҳои идона аз қабили китобу дафтар, маводҳои конселярӣ ва маводҳои варзишӣ дастрас карда шуд.

Нахуст бо сухани табрикотӣ Салимова С. баромад намуда, хонандагонро ба ин рӯзи фархунда табрику шодбош намуд.

Сипас, мудири шуъбаи  кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон-Ғафурзода Рухсора доир ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» ба сухан баромада, кӯлли толибилмони муассисаро ба ин рӯз табрику таҳният намуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.