Кӯдакон чароғи равшани ҳар хонадон

Вахш:  

Санаи 31-уми майи соли равон  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Вахш бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо намоиши ҳунарҳои хурдсолон– тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагона ва муассисаҳои таълимии ноҳия ифтитоҳ гардид.

Зимни боздид аз рақсу  ҳунари кӯдакон  тамошобинон ба онҳо баҳои баланд дода, ба ҳунари иштирокдорон аҳсанд гуфтанд.

Дар ин чорабинӣ ҳозиринро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш-Салимова С.В. ба ин муносибат табрик намуда, изҳор дошт, ки кӯдакон чароғи равшани ҳар хонадон мебошанд. “Дунёи рангини кӯдакӣ ҳар яки моро водор месозад, ки барои таъмини осоиштагии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишоф ва таълиму тарбияи кӯдакон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоем”, гуфтанд Салимова С.