Кӯмаки нафақаи ҳизбӣ барои маъюбон

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ  муқарар карда шудааст.

Аёдат ва хабар гирифтани маъюбон ва камбизоатон яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони шаҳру навоҳии кишвар ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кумакҳои моддию пулӣ карда мешавад.

Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба дидорбинии ду нафар маъюби гурӯҳи 1-уми сокинони Ҷамоати шаҳраки  Вахш  Гулова Сайлигул,  Назаров  Бобохон  ба ҳар яки онҳо нафақаи ҳизбии моҳи майи соли 2023 дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуданд.