Кӯдакон-сарвати бебаҳои ҳар як оила

Вахш: Андеша  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш зикр намуда буданд, ки: “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд. Яке аз ҳуқуқҳои бунёдии кӯдакон ҳуқуқи якҷо бо падару модар зиндагӣ кардан ва дар оилаи солим тарбия ёфтан аст”.

Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.

Ҳамасола рӯзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистони ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ҳадаф аз ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти кӯдакон ва зарурати ҳифзи онҳо мебошад. Зеро, кӯдакон ояндаи дурахшони миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст.

Бо мақсади инъикоси ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ассамблеяи генералии СММ ҳануз соли 1959 Эъломияи умумии ҳуқуқи кӯдакро қабул кард. Инчунин, соли 1989 Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак қабул гардид. Санади мазкур ҷиҳати эътирофи кӯдакон бо дарназардошти хусусиятҳои хос ва осебпазирии онҳо мавриди ҳимоя ва ғамхории махсус қарор дода шудани онҳо нуқта гузошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак буда, барои ҳар як кӯдаке, ки дар қаламрави он қарор дорад, тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро эътироф ва таъмин менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30% аҳолиро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди ғамхории пайвастаи давлат қарор доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон, таъмини некӯаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст. 

Ҳуқуқҳои кӯдаконро дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ба танзим медарорад. Он кафолатҳои асосии ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, муқаррар менамояд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо зиёда аз 30 ҳуҷҷатҳои стратегӣ қабул ва амалӣ  шуда истодаанд, ки барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд.

Ташаккули комили шахсияти кӯдак, тарбияи дурусти ӯ танҳо дар оилаи солим ва дар фазои меҳру муҳаббат имконпазир аст. Аз ин рӯ,  давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя намуда, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор медиҳад. 

Ояндаи давлату миллати мо дар дасти кӯдакону ҷавонони имрӯза мебошад. Кӯдакон сазовори ҳаёти арзандаанд ва вазифаи мо аз он иборат аст, ки чунин муҳитро барои онҳо муҳайё созем ва барои ба ҳаёти оянда омода шудани кӯдакон ба онҳо кӯмак расонем.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  ҷиҳати таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди  ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон нақши муайян мегузорад. 

Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавассути қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ мегардад.

Бо истифода аз имкони муносиб кӯдакони азизу муътабар ва меҳрубонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният гуфта, барояшон тамоми хӯшиҳои ҳаётро хоҳонем.

Худойбердиева Ҳалима, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш