Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №72 ноҳияи Вахш

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27-уми майи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 ноҳияи Вахш Соати сиёсӣ дар мавзӯи“Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”гузаронида шуд.

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳим ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

Дар машғулиятҳои доиргардида инчунин аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" шарҳу тавзеҳо дода шуд.