Корҳои ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “8-МАРТ”-и ҷамоати шаҳраки Киров       

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БАҲРИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ КАМАР БАСТЕМ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “8-март”-и ҷ/ш. Кирови ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ  ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сангфаршкунии гирду атрофи  маҳалли зист ва роҳҳои мошингарду пиёдагард камари ҳиммат бастанд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, 5 км роҳравӣ мошингарди ҷамоатии мазкурро сангфарш карда истодаанд.  Мавриди  зикр  аст,  ки чунин корҳои ободонӣ дар ин мавзеъҳо ҳармоҳа, аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб гузаронида мешавад.

Воқеан  дар ин рӯзҳо, дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои  созандагиву ободонӣ авҷ доранд.

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки масъулини кумита бо маром доир гардида истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар ташкилотҳои ҳизбии  мазкур  ободкорон камари ҳиммат баста,  кучаю роҳравҳоро ободу зебо гардонда истодаанд.