ҶАВОНОН ҲОМИЁНИ МАРЗУ БУМ !

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 29-уми декабри соли равон  бахшида ба Соли Нави мелодии 2023 дар қисми низомии 45989-и Кумитаи Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бо иштироки раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ, намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ Бобозода Умед, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Салимова Сабоҳат ва намояндагони МИҲД дар ноҳия ва роҳбарияти қисми низомии мазкур вохӯрии судманд доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси ноҳия Юсупов Қ. ба сухан баромада сарбозонро ба соли нави мелодӣ табрик намуда, саҳми муҳофизони Ватанро дар якпорчагии кишвар ва сулҳу суботи саросарии он қайд карданд. 

Ҳамзамон иштирокдорони вохӯрӣ бо шароити хизмат ва зиндагии ҳаррӯзаи сарбозон аз наздик шинос шуда, вобаста ба беҳбуд бахшидани вазъи хизмат, ҳаёти аскарии аскарону афсарон  ба масъулин маслиҳату дастурҳои судманд доданд. 

Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ба сарбозони қисми низомии мазкур тӯҳфаҳои идона ва маводи ғизоӣ барои омода намудани дастархони идона дар арафаи Соли Нави мелодӣ, аз қабили гӯшт, пиёз, сабзӣ, нахӯд ва дигар маводҳои ғизоӣ расонида шуд.