Айёдати модари сарсупурдаи Ватану миллат марҳум Солиев Назруллоҳ Баёнович

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22-уми декабри соли 2022, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бахшида ба соли нави мелодӣ ба сокини Ҷамоати шаҳраки ноҳияи Вахш алалхус,  ки дар натиҷаи  ҳимояи  Сарҳади меҳану  миллати хеш ҷони худро бохта буд ба дидорбинии модари марҳум Солиев Назруллоҳ Баёнович –Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Вахш Салимова С ва муовини раиси ноҳияи Вахш Мамадализода Г рафтанд.

Кумаки яквақтаи маводи ғизоӣ,  аз қабили картошка пиёз, макарон, равғанро ташкил менамояд. Бояд таъкид намуд, ки ин тадбир идомаи сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар рӯзҳои душвору вазъи мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дастгиру кумакрасони ба  мардуми тоҷикро собит менамояд.