Корҳои ободонӣ дар ҷамоати деҳоти 20-солагӣ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз усули асосии бунёд кардани боғҳои ҷамъиятию наздиҳавлигӣ ниҳолшинонӣ ба шумор меравад. Дар замини барои ниҳолшинони пешбинишуда пе­шаки чуқурӣ мекананд. Барои ниҳоли меваҷоти тухмдор (себ, нок) чуқуриаш 0,4 м ва бараш 0,8 м ва ме­ваҷоти донакдор (олуболу, олу ва ғайра) мувофиқан 0,4 ё 0,6 м ва ғайра. Ҳангоми шинонда­ни ниҳол гарданаи реша бояд аз хок 4—10 см боло истад.

Ба­рои обдиҳӣ (20—30 л ба ҳар ниҳол) атрофи ниҳолро кулмак мекунанд. Ниҳолшинониро дар баҳор ё тирамоҳ дастӣ ё бо ёрии мошин мегузаронанд. Ниҳолшинониро дар ҷангалдорӣ барои барқарор кардану ба вуҷуд овардани ҷангал ва дарахтзори ҳифзи боғу киштзор низ ба кор ме­баранд.

Растаниҳо бо рангу таровати хоса ва шакли поя, барг, гулу мева, давомнокии ҳаёт ва дигар хусусиятҳояшон аз ҳамдигар фарқ доранд. Аммо растаниҳои гулдор аз яқдигар ҳар қадар фарқ дошта бошанд ҳам, ҳар кадоми онҳоро ба яке аз ин се гурӯҳ: гиёҳ, бутта ва дарахт дохил кардан мумкин аст. Дарахт растании калон буда, танаи чӯбшудаи бисёрсола дорад. Ҳамаи дарахтон пояи асосии чӯбшуда — тана доранд.

Шохаҳои бешумори дар он ҷойгиршуда чатри (пайкари) дарахтро ба вуҷуд меоваранд, булут, фарк ва чинор. Дарахтони ҳақиқатан азимҷусса  ҳам мавҷуданд, масалан, дарахти нормушк (эвкалипт) беш аз 100 метр қад мекашад. Бутта аз дарахт бо он фарқ мекунад, ки пояи асосӣ надорад ва танаи он аз бехаш шоха меронад ва онро аз шохаҳо фарқ кардан душвор аст. Бинобар ин бутта на як, балки якчанд танаи алоҳида дорад, ки онҳо аз бехаш мерӯянд. Буттаҳо хеле зиёданд: зирк, пастарап, қот, ёс, мушол, марҷонбутта, норван ва ғайраҳо. Нимбуттаҳо ҳам мисли буттаҳо пояи асосӣ надораид ва қисми поёнии пояҳои онҳо бисёрсола мебошад. Қисми болоиашон бошад, яксола буда, он ҳар сол мемирад. Намояндагони ин қабил растаниҳо бештар дар минтақаҳои биёбон, нимбиёбон мерӯянд.

Санаи 22-уми декабри соли 2022 бо ташаббуси аъзоёни фаъоли ҳизб  дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш ниҳолшинонӣ бо маром идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб зиёда аз 250 бех дарахти ҳамешасабз шинонданд. Корҳои ободонӣ бо вусъат дар ноҳияи Вахш идома дорад.