Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи фаврии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, №1/2-41 аз 8.12.2022 сол ва оиди дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ 30 ноябри соли 2022.  

Санаи 9-уми  декабри соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №56–и ноҳияи Вахш бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, директори муассисаи мазкур, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш  ва хонандагони синфҳои болоӣ,  мулоқоту вохўрӣ оиди тақвият бахшидани корҳои талиғотиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ аз қабилӣ шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои тундрав, экстремистӣ ва террористӣ ва дигар зўҳуроти номатлуб  доир гардид.

Дар баргузории мулоқоту вохўрӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, оиди дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ 30 ноябри соли 2022, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои тундрав, экстремистӣ ва террористӣ ва дигар зўҳуроти номатлуб, худори аз истифодаи сару либоси бегона, тарғибу ташвиқи хизмат дар сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҷиҳати ҷалб ва аъзокунии ҷонибдорони ҲХДТ аз ҳисоби аъзои нави бомасъулият  баромад намуд. Дар фарҷоми вохӯрии мазкур ҳозиринро ба 28-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрик намуданд.