Корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта истодаанд

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Алҳол на танҳо дар Вахш, балки дар саросари кишвар созандагию ободкорӣ дар авҷ аст ва ҳар рӯз шаҳру ноҳияҳо, деҳкадаву деҳаҳо пеши назари мардум симояшонро тағйир медиҳанд. Ҳамаи ин аз роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат аст. Азбаски муҳаб­баташон дар дили сокинони кишвар ҷо гирифтааст, ҷавонмардони баору номус ва ватандӯсту миллатпарварро, ки имкони молиявӣ доранд, водор менамояд дар ободкориҳо саҳм гузоранд.

Хушбахтона, сафи соҳибкороне, ки зодагони Вахш мебошанд, сол то сол зиёд мегардад ва чанде аз онҳо, ки дар Россия фаъолият доранд, дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муттаҳид шуда, моро дастгирӣ менамоянд.

Санаи 9 –уми декабри соли равон  дар кучаи  Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Дӯстӣ, аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб корҳои ободони бо маром идома дорад.  

Сангфаршкунӣ яке аз самтҳои асосии ташаббуси дар боло зикр гардида баҳисоб рафта, бобати сазовор ҷашн гирифтани 28-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорон  роҳҳои мошингарди Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ  сангфарш карда шуд.