Сайру гашти ятиму бепарасторон бахшида ба 28-солагии таъсисёбии ҲХДТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш  дар бинои Китобхонаи маркази ноҳияи Вахш ба ятимони кул таҳти унвони “ҲХДТ-ҳизби созанда ва бунёдкор” бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Салимова Сабоҳат ва муовини раиси ноҳияи Вахш Гулҷаҳон Мамадализода,  масъулини Кумита ва кормандони китобхонаи мазкур, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва 24 нафар ятимони кул иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии осоиштаи ятимон тамоми шароитҳои замони муосирро фароҳам овардааст. Ятимон бояд илм омӯзанду Ватанро дӯст доранд, барои зиндагии минбаъдаи хеш талош намоянд ва чун пайравони асили Пешвои миллат дар роҳи ободонии кишвар саҳмгузор бошанд.

Салимова Сабоҳат, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш зимни баромади хеш иброз дошт, ки  “Давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳнамоиҳои Пешвои миллат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали Истиқлолият ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, дастгирии мунтазами ятимону бепарасторон ва фароҳам овардани шароити зарурии таҳсил ва кору фаъолиятро барои онҳо ҳадафи муҳимтарини худ қарор додаанд”.

Баъд аз чорабинӣ  иштирокдорон, ятимони кул таҳти унвони “ҲХДТ-ҳизби созанда ва бунёдкор”,  аз Осорхонаи шаҳри Бохтар боздид намуда, сипас баҳри болидарӯҳии иштирокчиён ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.