ҲХДТ-ҳизби созанда ва бунёдкор

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз (07.12.с.2022) бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон  тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бо ташаббуси масъулини Кумита ва ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар толори маҷлисгоҳи  Кумита озмуни “Иншои беҳтарин” таҳти унвони «ҲХДТ-ҳизби созанда ва бунёдкор» доир гардид. 

Дар озмуни мазкур роҳбарият, масъулини кумита, намояндагони ташкилотии ибтидоии “Маорифчиён” ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия  иштирок намуданд. 
Озмуни “Иншои беҳтарин” бо сухани ифтитоҳии  Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Салимова Сабоҳат оғоз гардид. Раиси Кумита зикр намуд, ки ҲХДТ ҳизби созанда, бунёдкор ва дардошнои мардум аст, ки барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум ва  беҳтарин ҳизбест, ки аз саодату хушбатии ҳар кишвари соҳибистиқлол дарак медиҳад. 

  Хушбахтона мардуми шарафманду соҳибфарҳанги Тоҷикистон имсол 28-умин солгарди  таъсисёбии ҲХДТ-ро бо беҳтарин дастовардҳое, ки дар ҷаҳон назир надоштанд, таҷлил менамоянд.                                                             

   Дар фарҷоми озмуни мазкур ғолибон  ба ҷойҳои 1, 2, 3, муайян карда шуда, бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш тақдим карда шуданд.