МАКТАБ МАКОНИ ИЛМУ ХИРАД!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бояд зиндагӣ кунад, бевосита ба чизе эҳтиёҷ дорад. Агар барои инсон пеш аз ҳама, муҳити хуби хонаводагӣ, хӯроку либос ва тансиҳатӣ лозим бошад, барои тарбияи инсони асил ва тифли баркамолу донишманд, мактабу омӯзгори болаёқат ва кордон мебояд. Мактаб гулшани хамешабаҳорест, ки рангу тароват ва гулхои зиннатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсонист. Мактаб манбаи илму ҳунар, хислатхои вафодорӣ, дустӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварист.

Дар Ҷамоати шаҳраки Киров, деҳаи Ленини ноҳияи Вахш бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш,  аз тарафи падару модарон, яъне аъзоёни фаъоли ҳизб ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и н.Вахш 24 мизу 48 курсӣ кумаки хешро расониданд.

Ҳамеша мебояд кушид, сохибадаб буд, маърифатдӯст гардид, мактабро макони бузурги илму хирад хисобид ва аз он бебаҳра намонд.